БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Осоишгоӽи Тосқаъла бо фарӽанги баланд мизоҷонро қабул ва солимияшонро ӽифз менамояд!

ВОСЕЪ.Дар ташкилоти ибтидоии «Осоишгоӽи Тосқаъла»-и ҷамоат деӽотӣ ба номи  Миралӣ  Маӽмадалиев тибқи ҷадвали баргузории хонишӽои сиёсӣ ва чорабиниӽои ӽизбӣ барои нимсолаи аввали соли 2019  бо мақсади иҷро ва амалӣ намудани ҷадвали Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ  Шаӽноза Раҷабова бо аъзои   ташкилоти ибтидоии номбурда вохȳрӣ баргузор гардид.

Дар вохȳрӣ Шаӽноза Раҷабова оид ба  фарҳанги қабули мизоҷон  ва сатҳи хизматрасонӣ ба  истироҳаткунандагони осоишгоҳ, тарзи ӽаёти солим ва пешгирӣ  аз паӽншавии бемориӽои сироятӣ суҳбат намуда, эълон гардидани   солӽои 2019-2021  «Соли рушди деӽот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» моро водор месозад, ки  хизматрасониро дар осоишгоҳ   хубтар намуда, барои  сайёҳон ва  мизоҷон  шароити мусоиди истироҳатию табобатӣ  муҳайё намоем.

Дар рафти ҷамъомад  10 нафар ба сафи ӼХДТ шомил гардида, ба онӽо билетӽои  ӽизбӣ супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg