БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бохтар рӯз то рӯз ободтар мешавад!

БОХТАР. Тибқи нақшаи вохӯриву суҳбатҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳаллаи Хатлон вохӯрӣ  бо сокинони маҳалла оидбасамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан, мутахасиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Исоев Фаррух иштирок дошта,  Асадуллозода Ватан доир ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», самтҳои асоси фаъолияти ҳизб, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки бояд дар боз ҳам ободу зебо гаштани Ватанамон дастаҷамъона саҳмгузор бошем. 

Дар интиҳои вохӯрӣ масъулин  ва сокинони маҳалла аз рафти корҳои азнавсозии Боғи шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ, ки  ин мавзеъ ҷойгир мебошад дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg