БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи мо баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад!

ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии “Озодӣ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми Пешвои миллат вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раис - мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим ва мутахассиси шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорова Насимахон иштирок доштанд.

Зимни баромади худ Сабурзода Насим атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз зумраи ҳуҷҷатҳои муҳиме мебошад, ки хусусият ва моҳияти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нақши бузург мебозад. Қонуни мазкур маҳсули хиради волои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавобгӯи масъалаҳои муҳими рӯз аст.

Дар доираи талаботи қонуни мазкур дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия таҳти шиори «Як рӯзи падару модар» бо падару модарони хонандаҳо ва дигар намояндагони фаъоли маҳалла, аҳли зиё, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорабиниҳои маърифатӣ гузаронида шавад, ба манфиати кор аст.

Вобаста ба амалӣ намудани қисмати Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» сокинони деҳаи Озодӣ канали обтаъминкунии оби полезиро дастаҷамъона тоза намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg