БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!

ПАНҶ. Иди Наврӯз, ки дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва оини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон нерӯву илҳоми тоза ато мекунад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинондани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

Вобаста ба ин дар маҳаллаи Турдишайхи ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳия чорабинии маданӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврўзи хуҷастапай бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Масъулон Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, Ғафуров Сайдамир- мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуот, Машрабов Шамсулло– намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва сухаронӣ намуданд.  Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардуми маҳал, бо оростани дастурхони наврўзӣ, ҳафтсину  ҳафтшин ташкил карда шуд.

Дар идома сокинон барномаи фарҳангии худро, ки аз расму оини тоҷикон дар айёми Наврўзӣ иборат мебошад намоиш доданд. Ҳамчунин, дар роҳандозии чорабинии маданӣ озмуни «Хони беҳтарини наврўзӣ»  байни духтарони маҳал гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg