БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ – давлатхоҳи беҳаё аст!

ВОКУНИШ. Баъди талошҳои зиёд 27 июни соли 1997 дар пойтахти кишвари Руссия бо ширкати намояндагии ташкилоти Байналхалқии СММ ва Президентҳои кишварҳои ҳамсоя сулҳ  ва ваҳдати тоҷикон ба имзо расонида шуд. Бо ҳамин ақлу хиради воло ғолиб омад. Ба қавли шоир Лоиқ Шералӣ «Сулҳи деринтизори мо омад»... Ҳаёти осудаҳолона ба маҷрои худ ворид шуд. Дар ин ҷода хизматҳои пайгирона ва шабонарӯзии сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корагар шуданд. Ҳанӯз ҳамон сол директори Академияи Илмҳои кишвари Украина Борис Паттон навишта буданд: «Бузургтарин хизмати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ва ваҳдати миллатро таъмин кардан буд. Ҳамин аст, ки имрӯз миллати тоҷик устуворона, хушбахтона ба сӯи ояндаи нек қадам мезанад». Дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ фаъолияти озоди ҲНИ-ро чун як ҳизби сиёсӣ имкони амал кардан дода шуд. Ин ба он хотир буд, ки дар кишвари азизамон -  Тоҷикистон пеши роҳи ҷанг гирифта шуда, ваҳдати миллат таъмин карда шуда, сараввал ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бибахшем. ҲНИ ташкил шуд. Ҳатто дар ҳама ноҳияҳо ҷонибдорони худро бо кадом роҳҳое пайдо ҳам намуд. Лекин  бисёр шахсиятҳои маъруфи кишвар бозиҳои пасипардагии ин ҳизби сохтаю бофтаро медонистанд. Ҳатто ба ҳамкории ин ҳизб бо давлати навини тоҷикон бовар ҳам надоштанд, лекин дар он рӯзҳо мо дигар чора надоштем. Дар ислом аслан ҳизб воҷиб мебуд, Худо худро ошкор намекард, баъдан Худо муҳтоҷ ба чунин ҳизб ҳам набуду нест. Аз тарафи дигар ҲНИ аз рӯзҳои нахустин бо давлати навини Тоҷикистон, бо сиёсати пешгирифтаи Сарвари ин кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан бо дунявияти Конститутсияи кишвар созгор набуданд. Корҳояшон пинҳон буд. Пинҳонӣ аз баъзе кишварҳои исломӣ маблағҳои ҳангуфт ҳам меомаданд. Аз соли таъсисёбӣ то соли 2015 бо садҳо далелҳои қотеъ ҳизби террористӣ, ифротгаро, тундрав ва дар кишвар чун як ҳизби табадулотчӣ ошкор мегардад.

Дар китоби «Масъуд ва озодӣ» як сухани собиқ Президенти Давлати исломии Афғонистон марҳум доктори илоҳиётшиносӣ Бурҳониддин Раббониро хонда будам: Дар Хустдеҳи Афғонистон музокироти тоҷикон баргузор гардид. Доктор Раббонӣ ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд миёнарави сулҳи тоҷикон буданд. Бубинед, ки Раббонӣ ба Абдуллоҳи Нурӣ чӣ мегӯянд: «Чанд фоизе, ки ба мансабҳои давлатӣ шомил мегардонед, нафарони шумо сиёсатмадор, иқтисодшинос ва умуман аз давлатсозӣ огоҳ бошанд. Муллоҳоро шомили давлат накунед. Онҳо давлат намекунанд. Ана ҳамин кӯҳ ба кӯҳу дашт ба дашт гаштани афғонҳо аз дасти ҳамин муллоҳо шудааст…»

ҲНИ оқибат худро ошкор кард. Ҳалимиҳо ба Модар - Ватан хиёнат карданд. Далелҳо исбот карданд, ки амалҳои хиёнатпешаи онҳоро ҲНИ тарҳрезӣ мекардааст. Ҳизбе ки дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд карданӣ буд. Ин кӯрнамакҳои оқи Ватан як чизро ба инобат нагирифтанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз қафои ин «зоғҳои бадмур» ҳеҷ гоҳ намераванд ва нахоҳанд рафт. Имрӯз Кабирию думу думчаҳояш дар кишварҳои бегона ҳаёти сагона ба cap бурда, ваҳдату истиқлолияти миллату кишвари тоҷиконро санги маломат мезананд. Ин бехирадони хиёнатпеша дарк карда наметавонанд, ки ғайбату сангпартоӣ ба сӯи миллату давлат чӣ гуна амал аст?! Ин ғофилони исломипарастӣ  тундгаро бехабар аз он, ки бегонаҳо нисбати миллати тоҷик ва Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона баҳо дода эътироф кардаанд. Намояндаи Уммаи давлати қувейт Марзуқ ал Алӣ Ал ғоним навиштааст: «Мардуми дунё бояд аз Шумо тоҷикон қадрдонию эҳтироми сарварашон - Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва Президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат - умед ва зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад».

Аз ин лиҳоз ба онҳое, ки дар cap хаёли Тоҷикистони озоди моро, ки имрӯз сирф мазмуни мусулмонӣ дорад, намегузорем, ки Шумоён палидҳои нохалаф Тоҷикистонро ба давлати исломии хуношом табдил диҳед. Ҳанӯз шаш сол муқаддам сиёсатмадорони дунё сиёсати дурусти фарзанди баруманди халқи тоҷик Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯхта, ӯро ба ҳайси «Пешвои асри XXI» дар саросари олам муаррифӣ карданд. Ҳанӯз соли 1994 дар Анҷумани 1-уми Ҷавонони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта гуфта буданд: «Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад.» Ана мусулмонӣ, ки Худою Расулаш (С) мехоҳанд, мо низ ҷонибдори ҳамин хел мусулмонӣ, на чизи дигар! Имрӯз мо бо сари баланд фирдавсиёна мегӯем:

Ҳама ҷойи Тоҷикистон сарои ман аст,

Ки неку бадаш аз барои ман аст.

 

 М. Абдулҳамид – вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg