БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тамоми аъзову ҷонибдорон ва кулли сокинони сарбаланди ҷумҳуриро бо фарорасии ҷашни бостониву ҷаҳонии Наврӯз табрику муборакбод мегӯяд.

Наврӯз ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату ойинҳои инсондӯстона, ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат буда, маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст. Ин ойини фархунда бо ҳама сифатҳои некбинонааш ба хонадони мардум, сарфи назар аз нажоду миллат ва дину мазҳаб, ворид гардида, ба ҳар як фард паёми хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтиву хонаободӣ меорад.

Гузаштагони тамаддунофари мо бо ба мерос гузоштани ин ҷашни бузург собит сохтанд, ки воқеан ҳам дар шаклгирии мафкураи инсоният дар тӯли ҳазорсолаҳо нақши бориз доштаанд. Наврӯз бо асолати худ собит месозад, ки гузаштагони мо мардумони донишманд ва аз гардиши осмону моҳу ситораҳо воқиф будаанд. Рамзу оинҳои наврӯзӣ бозгӯи некхоҳиву некандешӣ ва некманишиву покизагии зоҳиру ботини инсонҳост.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад”.

Мо миллати сарбаланди тоҷик ифтихор аз он дорем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллатамон ба эҳёи арзишу суннатҳои миллӣ ноил гардидем ва ба мақоми ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯз даст ёфтем. Дар ин росто мо аҳли ҷомеа, хоса аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд бо посу гиромӣ доштани арзишҳои миллиамон, ки қадимтарини онҳо Наврӯз мебошад, дар пойдории давлатдории миллӣ ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештар гузорем.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак, ҳамсафони гиромӣ!

20.03.2019, шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg