БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон

Ш.ШОҲИН. Ҷавонони бонангу бономуси диёр боиси пешравию ободонии диёр хоҳанд гашт. Чунки ояндаи давлату миллат аз ин қишри ҷомеа  вобастагии калон дорад.  

Бо ин мақсад кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи    Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир намуданд.

Вохурӣ фарогири мавзӯъҳое буданд, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд.

Вохӯриро  мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим  кушода,  доир ба масъалаҳои  дар боло зикр  суханронӣ  намуданд.       

Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон»  Раҷабзода Ҳусайн ба сухан баромада,  пешниҳод намуд, ки татбиқи амалишавии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар  ҳамбастагии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷиҳати  бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа   саривақтӣ  мебошад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg