БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии ҲХДТ ин баланд бардоштани мафкураи сиёсии мардум аст!

КӮЛОБ.Вохӯрӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар назди деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Зарбдор аз ҷониби кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва Самадзода Сайёҳат инчунин, раиси ҷамоати деҳоти Зарбдор  Маҳмудов Нурулло баргузор гардид.

Дар ин мулоқот Самадзода Сайёҳат баромад намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом баланд бардоштани мафкураи сиёсии мардум ва пур кардани холигиҳои идиологии ҷомеа мебошад.

Мунаввараи Бозоралӣ дар навбати худ қайд намуд, ки  робитаи доимӣ бо мардум ва аз мушкилиҳои ҷомеа хабардор шудану тавассути Аксияи  тарғиботӣ - амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳамбастагӣ мусоидат намудан дар роҳи ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта, яке аз ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ мансуб меёбад.

Дар охир ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҳудуди деҳаҳо таъкид гардид, ки нашрияи мазкурро миёни сокинон саривақт тақсим ва дастрас намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg