
ВАХШ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МОПР-1»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ Раҳимов Аслиддин корҳои ободонӣ доир гардид.
Инчунин, тибқи нақшаи корӣ бахшида ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва шинонидани дархтони ҳамешасабз ва ободии маҳалли худ саҳми арзанда гузоштанд.