
ВОСЕЪ.Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумӽурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии деӽаи “Пахтакор” корӽои ободонӣ ва бунёдкорӣ гузаронида шуд.
Дар он масъулини Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ ва сокинони меӽнатдȳсти маӽалла фаъолона иштирок намуданд.
Зимнан бо сокинон раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽия Сафарова Ӽафиза атрофи идӽои миллии дар пешистода суӽбат ороста, иброз дошт, ки ӽар як фарди бонангу номуси ин сарзамин баӽри ободӣ, сарсабзӣ ва зебогии Ватан бояд ӽиссагузор бошад .
Баъдан бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии “Пахтакор” ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, баӽри тозаву зебо гардидани маӽалли зисти худ саӽми арзанда гузоштанд ва барои баровардани нуқтаи оби ошомиданӣ сокинон 1 адад чоӽ канданд, ки ҷуқурии он айни замон ба 15 метр расидааст.