
А.ҶОМӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба амалигардонии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ҷалби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зарнисор» дар назди ҶДММ «Баракати Ҷомӣ» корҳои ободонӣ, аз қабили нармсозии бехи дарахтон, шинонидани зиёда аз 100 бех ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва рангубор намудани деворҳои бинои маъмурии ташкилот доир карда шуд.