БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомаи тазовири Кабирӣ ва ёронаш кӯтоҳ аст!

ВОКУНИШ.Бо тамошои суҳбати онлайнии Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери мавзӯъи « Мулоқоти рӯ ба рӯи раиси Паймони миллӣ бо мардум»,   якояки мо шаҳрвандони озоду комилҳуқуқи Тоҷикистонро бетараф  нагузошта ба он водор месозад, ки андешаҳои худро нисбати  аҳли  «Паймон»  иброз дошта,  мақсаду мароми  муғризонаи минъбадаи онҳоро  ифшо созему  нагузорем, ки ба фазои амну осоиштагии меҳани маҳбубамон халале ворид  гардад.

Дилхоҳ шаҳрванди худогоҳ  бо андак кӯшиш аз посухҳои номукаммалу бемантиқ ва аз  суолҳои ҳассосу муҳим дурӣ ҷӯстани Кабирӣ   ва ба дигар самт тобиш додани  суҳбату  насиҳатпардозӣ ва ба қавли худаш ба «амри маъруф» пардохтанаш   дарк хоҳад кард, ки  дар ҳақиқат Кабирӣ ва ёронаш   чеҳраҳои манқурт  ва фурӯхташудаи ба давлату миллати тоҷик созгор нест, ки нестанд.

Ба суоли яке аз корбурдагони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо чунин мазмун  «манбаи даромади фаъолияти Шумо аз куҷо сарчашма мегирад?» раиси «Паймон» чунин як  посухи аблаҳона ва айёрона дода, хоҷагонашро  барои кадом як бозиҳои муғризонаи ояндааш   паси парда ниҳон монданист. Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон он мардуми солҳои 90-уми қарни 20 нест, ки аз соҳибистиқлоливу таҷрибаи давлатдорӣ огоҳ набошаду фирефтаи Кабирӣ барин заҳҳокони давр гардида, пайравии се-чаҳор  ватанфӯрушони  ватанбезорро пеша намоянд.  Мардуми худогоҳу ватанпарастӣ тоҷик аллакай аз ин ҷомаҳои тазовири Кабириву ёронаш огоҳанду намегузоранд, ки  нақшаҳои хунхоронаи минбаъдаашон дар сарзамини биҳиштосоямон пиёда гардаду чеҳраҳои аҳриманонаашон дубора хонадони осоиштаи тоҷикро ноамн созад.   Бо гилагузории Кабирӣ, ки  гуё  ӯву ҳамсафонашро на давлати охундии Эрону дигар кишварҳо кӯмаки молиявӣ кардаасту  бо қавли ӯ гуё  танҳо ва танҳо  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба «Паймон» ва пешрафти корҳои ташкилии онҳо маблағгузор аст,  аён аст, ки  Кабирӣ кадом нақшаи нави хочагонашро  рӯи кор оварданист.          

Бо  ин макру ҳиллаҳои навинаш  Кабирӣ  худро назди хоҷагонаш бо он азизу муътабар ва соҳиби брендҳои навбатӣ тасаввур менамояд, ки гӯё бо ин посухаш дар  Тоҷикистони соҳибистиқлол тарафдоронаш зиёданду пайравиаш хоҳанд кард. Аммо хестед, ки хобед. Дар урфият мегӯянд, ки «Кӯр як бор дар чоҳ меафтад». Мо аллакай як  бор  бо дасти шумо  ва ёрони ҳамсангарҳоятон шаҳди давъататонро бо истиқболи ҷанги шаҳрвандӣ чашидему пешвоз гирифтему мутаассифона дигар онро намехоҳем  ҷаноби Кабирӣ!

Негматов Тавур,  сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg