БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об манбаи ҳаёт дар рӯи замин!

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Раҳмонободи ҷамоати деҳоти Чагам  тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӯриро  муовин раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асақолов Алиҷон  кушода,  доир ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  самтҳои авзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» суханронӣ  намуда, афзуд, ки об манбаи ҳастии инсоният буда, ташаббусҳои бевоситаи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллаташ тоҷику тоҷикистониёнро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.

Дар воқеъ Тоҷикистон бо доштани обҳои ширину ошомиданӣ ва мавзеъҳои дилфиребаш дар минтақаю ҷаҳон ҳамто надорад.

Баъд аз анҷоми вохӯрӣ дар деҳаи болозикр Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  доир карда шуда, дар он сокинон ба шинонидани  ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда  машғул шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg