БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ғамхории ҳизбиён нисбати ҳомиёни Ватан назаррас аст!

ҚУБОДИЁН.Бо пуштибонӣ аз сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар дораи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо афсарони    қисми низомии 17070 вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Вохӯриро сардори қисми ҳарбӣ бо сухани муқаддимавӣ оғоз бахшида, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Раҳмонов Алишер  суханронӣ намуда, аз ҳадафу вазифаҳои ҲХДТ, мақсаду вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирогардида ёдовар шуда,  қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Ватани азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, мардуми он, аз ҷумла меҳнаткашони ноҳияи Қубодиёни бостонӣ бо дили гарму нияти нек, боварӣ ба ояндаи шукуфон фидокорона дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар меҳнат намуда истодаанд. 

Вохӯрӣ дар руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба хизматчиёни қисми ҳарбии 17070 аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Матлуботчиён” кӯмаки модддӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва маводҳои гигиенӣ   расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg