БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, Истиқлолияти худро ҳифз намоем ва Ватани азизамонро ободу зебо гардонем!

БОХТАР. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри  Бохтар оид ба вохӯриву чорабиниҳои ҳизбӣ ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеъ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Иншооти обии шаҳр»  вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  Наҷидуллоев Тавакал  ва кормандони масъули он иштирок намуданд.

Зимнан Наҷидуллоев Тавакал оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  ибрози андеша карда, афзуд, ки  нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмиллалӣ гардиданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури хеш Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро расман оғоз бахшида, коршиносон, шаҳрвандони як қатор кишварҳо баромад карда, ба иқдоми эълони даҳсолаи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳам чун ташаббусҳои қаблӣ ба нафъи аҳли башар равона гардидааст, баҳои баланд доданд.

Дар охир аъзои ташкилот дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳашари дастаҷамъона баргузор намуда,  заминҳои бекорхобида ва бехи дарахтонро нарм намуда, аз ҳаргуна алафҳои бегона  тоза карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg