БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост!

ВОКУНИШ. Шоири азиз бисёр хуб қайд кардааст, Ислом худ як дини пок ва покизагиро аз бандагонаш талаб мекунад, яъне риояи пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро аз ҳар як мусалмон тақозо менамояд. Мардуми тоҷик ки сад дар сад мусалмон ҳастанд, бояд ин шиорро дар баробари шариати Ислом дар зиндагии ҳамарӯзаашон риоя намоянд.

Акнун худ қазоват кунед, бо сабаби  паст будани сатҳи зиндагиашон мардуми мо аслан ба кишвари хориҷ барои кору фаолияти меҳнатӣ мераванд. Мусалмон дар куҷое, ки набошад бояд мусалмон бимонад.

Ащхосе, ки дар хориҷ  барои ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил кардани ҷавонон машғуланд, бо таблиғу ташвиқе, ки бо роҳи осон маблағи калон ба даст овардан мумкин аст, ҷавононро ба ин гурӯҳҳо ҷалб мекунанд ва барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ равона месозанд.

Махсусан, дар замони ҳозира терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намудааст. Террористон  барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезананд. Террор- воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардидааст.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна паёомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

 Саъдии Шерозӣ низ дар ин бора мегӯяд:

                          Бирав бо дӯстон осуда биншин,

                          Чу бинӣ дар миёни душманон ҷанг.

 Бо шарофати ин гуна ободиҳои хеш пеш аз он набояд фикру акидаҳои хом кунем, шукронаи Ватани миллати тозаву озода карда, номбардори кишвари азизамон бошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷавононро ояндаи чомеаю давлат ном мебарад, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, пешбарандаи  миллат ва давлат мебошанд дуруст аст.

Пас ҷавонон, ки ояндаи миллати худ бошанд, чаро аксарашон кушиши бадном кардани Ватану миллати худ мекунанд, ки дар ин амали хому нопокашон  хатто падару модарашон огоҳ нестанд,  даст мезананд?  

Онҳо бояд зери назари калонсолон, бо маслиҳату машварати онҳо фаъолият намуда, барои пешрафти ҷомеа сахми муносиби худро гузоранд.

 

Ҳасанова Нигора, аъзои кибердружинаи назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg