
ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Таги Намаки ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо ибтикори раиси Кумитаи маҳалла, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Таги Намак» Алиев Сайдаҳмад ва дар доираи Аксияи амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии аҳли деҳа ҳамаи кӯчаҳои деҳа тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз дошт, ки корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби мардуми шарифи кишвар бо хушнудӣ пазируфта шуданд. Сокинони деҳаи мазкур тасмим гирифтанд, ки корҳои ободонию созандагироидома дода, дар ободонии деҳаи худ саҳми босазо мегузоранд.