БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти баланди ватансозии мо вобаста аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «ҷамоати деҳоти Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоёв Хизирдин дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёси баргузор гардид. 

Асоев Хизирдин вобаста ба масъалаи дар боло зикршуда муфасал суханрони намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки рушду пойдории истиқлолияти комили давлат дар заминаи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту соҳибмаърифат ва дорои сатҳи баланди маърифату фарҳанги сиёсӣ метавонад пойдор монад. Ин омил дар замони ҳозира муҳимияти махсус касб намудааст. Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат вобаста ба тарғиби истиқлолият, соҳибватанӣ ва озодӣ омили меҳварӣ дар роҳи ташаккул ва рушди мафкураи давлатсозӣ ва миллатсозӣ дар ҷомеа буда, имконият медиҳад, то дар шинохти ин арзишҳои муқаддас ҳар як шаҳрванди мамлакат комёб гардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg