БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҳизби созандаи ҷомеаи барои зиндагии шоиста!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша- чорабинии кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ санаи 7.02.2019  ба фаъолони ҳизб дода буданд, бо мардум суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғурта” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “ҲХДТ-ҳизби созандаи ҷомеаи арзанда барои зиндагии шоиста”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва   масъалаи ташвишовари ҷомеаи имӯза, яъне терроризму экстремизм баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев  иштирок ва суханронӣ намуд.

Абдуллоев Ваҳобиддин дар суханронии худ оид ба роҳҳои  амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Маҷлиси КИМ ҲДТ муайян шудаанд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки татбиқи мақсаду маром ва  ҳадафҳои созандаи  Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб мебошад. Баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg