БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маъориф -илму маърифат аст!

БАЛҶУВОН. Беҳуда нагуфтаанд, ки маориф коргоҳи инсонсоз аст. Ҳамин аст, ки ҳамасола аз  ҷониби  давлату  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои пешрафту тараққиёти  ин соҳаи ҳаётан муҳим аз ҳисоби буҷаи давлат маблағҳои зиёде ҷудо мегардад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ  ҳамасола садҳо биноҳои наву замонавии муассисаҳои таълимӣ сохта,  мавриди истифода қарор  дода мешаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Балҷувон айни ҳол 46 муассисаҳои таълимӣ ва як Гимназияи давлатии ба номи Санг Одинаев фаъолият намуда, дар ин муассисаҳои таълимӣ 7 ҳазору 54 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 676 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.

Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву  маҳаллаҳои  ноҳияи  Балҷувон  дар нимсолаи аввали соли 2019 як қатор суҳбату вохӯриҳоро  ҳамарӯза баргузор гардонида истодаем.

Чунин суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии «Шуъбаи маориф»-и ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», баланд бардоштани савияи  дониши  хонандагон ва дигар масъалаҳои муҳим  оид ба соҳаи илму маориф мавриди омӯзишу  баррасӣ  қарор  дода,  мулоқот доир карда шуд.

Дар суҳбат  раиси Кумитаи иҷроияи Мирзозода Исуф  қайд намуд, ки ҳамаи он эродҳое, ки  дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба соҳаи илму маориф гирифта шуд, бояд ҳар як корманди соҳаи маорифро  беташвиш  нагузорад, бояд тамоми он камбудиҳои  ҷойдоштаро  зина ба зина   бартараф  намуда, сатҳи дониши хонандагон баланд гардонида  шавад.

Сипас мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони кумита Муродова Марҷона ба сухан баромада қайд кард, ки дар Паёми имсолаи сарвари давлат баҳри рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдаконро ба зинаи томактабӣ таъмин гардидан аз ҷониби роҳбари давлатамон супориш карда шуд.

Баҳри иҷро намудани он дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ ва давлату ҳукумат ба тасвиб мерасад, ҳар яки мо аъзоёни ҳизби созандаро бетараф нагузорад, балки даҳчанд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки насли ояндасоз, Ватанпарвару соҳибмаълумот ба воя расонида, ояндаи неки Тоҷикистонро аз имрӯз оғоз карда заминаи  боэтимоде  мусоид гардонем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg