БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мароми мо вусъати корҳои ободонию созандагӣ

МӮЪМИНОБОД.Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои  сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона»-и ноҳияи Мӯъминобод  хониши сиёсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ масъулин атрофи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи амалии Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуданд.

Баъди хониши сиёсӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоти ибтидоӣ «Раёсати молия» вобаста ба ҷадвали тасдиқгардида, оид ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» доир намуданд.

Иштирокдорони  Аксияи мазкур дар  корҳои ободонӣ, тоза намудани ҷӯйбору роҳравҳои байни маркази ноҳия ва кашонидани партовҳо саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg