БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём- санади муҳими таърихӣ ва роҳнамои сокинони кишвар ба сӯи ояндаи дурахшон

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба   Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими таърихӣ ва роҳнамои сокинони кишвар ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар    Паёми навбатии худ фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриро мавриди таҳлили амиқ қарор дода,   вазифаҳоро барои оянда мушаххас намуданд.  Дар Паёми Пешвои миллат  аз рӯйдодҳои муҳиме,  ки  дар  мамлакат  ба вуқӯъ пайвастанд,   ёдовар шуданд.  Ин рӯйдодҳои воқеан ҳам муҳими таърихӣ   оғози татбиқи   «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,   ба  кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва беҳтар гардидани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии ӯзбекистон мебошанд.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда   шаванд.  Албатта,  пешниҳодҳои неку созандае,   ки  дар  Паём  аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба амал оварда шуданд,    танҳо бо  як  мақсад-беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинон мебошанд. Масалан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём мақсади эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро чунин зикр намуданд:   «Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ,  бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ  ва   инкишофи   ҳунарҳои   мардумӣ,  ба талаботи муосир мутобиқ   сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва   баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар    як деҳа   ва маҳалли аҳолинишин мебошад».

Мавриди зикри хос аст,   ки Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар   роҳи расидан  ба  се  ҳадафи стратегӣ:  расидан  ба  истиқлолияти энергетикӣ,  баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ қарор дорад.   Бинобарин,  Пешвои миллат ҳадафи чоруми миллиро саноатикунонии босуръати мамлакат эълон намуданд. 

Мусаллам аст,  ки дар ин самт саҳми соҳибкорон низ назаррас мебошад. Бо назардошти ин,  дар Паём таъкид гардид, ки:  «Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд.

Инчунин, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда  шавад».

Ин иқдоми наҷиб имкон медиҳад, ки соҳибкорон боз ҳам пурсамар фаъолият намоянд.  Чун имрӯзҳо ба  истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 таҷлил карда мешавад,  дар саросари ҷумҳурии азизамон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.  Дар ин ҷода саҳми соҳибкорони бунёдкор низ  арзанда мебошад.  Онҳо бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаву бунёдгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар  ободонии Ватани хеш ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.  Аз  ҷумла,  дар  ноҳияи мо низ  бахшида ба ин ҷашни миллӣ аз  ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони иншооти гуногун ба роҳ монда шудааст.

Воқеан ҳам,Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳар яки моро мебояд, ки баҳри таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ талош варзем, Ватани маҳбуби худро боз ҳам ободтару зеботар гардонем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин  бора   дар Паёми навбатиашон хеле бамаврид қайд намуданд: «…Мо бояд боз ҳам бештар заҳматкашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бовиҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва босифати баланд ба анҷом расонем.

Мо  бояд ташаббускор  бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.

Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».

Абдурасул НАСИМОВ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg