БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо посдори Ватанем!

НОРАК. Дар ротаи махсуси қисми низомии гвардияи милии  051054-и  дар шаҳри Норакбуда Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тасмим гирифт, ки дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ, ки дар партави Паём ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муайн гардидааст, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мо посдори Ватанем» бо иштироки васеи ҷавонон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр,  аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва сарбозону афсарони қисми низомӣ доир гардид. 

Ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» бо шеъру тарона ва рақсҳои мавзуни худ табъи иштирокдорони чорабиниро болида гардониданд.

Дар охир ба афсарону сарбазони  қисми низомии  051054-и дар шаҳрбуда бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дастурхони  идона ороста шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg