ЛЕВАКАНТ.Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСК «Нуриҳои Осиё» шанбегӣ, аз қабили тоза намудани роҳравҳо, нарм намудани бехи дарахтон, шинонидани гулҳои ороишӣ бо ҷамъи фаълон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳр бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб доир карда шуд.