БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳама талошу заҳматҳои мардум баҳри ободии кишвар аст!

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Зиракии ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов 1200 метр роҳи автомобилгарди деҳа ба тариқи ҳашар таъмир ва мумфарш шуда истодааст.

Инчунин, дар ин раванд дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Дилоев Усмон баҳри беҳтар ва сифатнок намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сохтмони бинои бунгоҳи тиббӣ бомаром идома дорад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg