БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон макони обҳои зулолу ҷонфизо аст!

ПАНҶ.Ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ- истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон бо сохта ба истифода додани ин нерӯгоҳ дар обанбори он захираи калони оби тозаи табиӣ ҷамъ оварда мешавад.

Вобаста ба ин масъала дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии обёрии деҳоти ноҳияи Панҷ бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид. Мавзӯъ, ки ба масоили об ва энерегетика вобаста буд, масъулон зимни сухаронӣ қайд намуданд, ки бисту дуюми марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар сохаи об «Даҳсолаи байналмиллалии амал» «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид расман оғоз гардид.Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф  дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Дар идома Файзиев Каримҷон раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  зимни баромадаш иброз дошт, ки дар партави Паёми Пешвои миллат  соли 2019 барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон Соли баланд  бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ эълон гардид. Ин пешниҳод аз ҳизбиён масъулияти баланди иҷрои вазифаҳои дарпешистодаро тақозо менамояд.

Ҳамзамон  дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокдорон  маводҳои таблиғотии ҳизбӣ тақвимҳо, дастурамал, плакати «Фурӯғи нури Раҳмонӣ»  ва «Об барои рушди устувор», рӯзномаҳои «Минбари Халқ» ва «Ҳамрози халқ» дастрас карда шуданд. Дар охир ба ҷавононе, ки барои ба сафи Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон шомил шудан ариза дода буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg