БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Боиси таассуф аст, ки равияҳои ифротӣ пайдо шуда, бештар аз ҳазор ҷавони тоҷикро шомили гурӯҳҳои террористӣ кардаанд!

ВОКУНИШ.Терроризм аз пайдоиши инсон вуҷуд дорад, ҳамлаҳои террористӣ на танҳо аз тарафи созмонҳои ифротгарои террористӣ ё террористон, балки аз ҷониби хадамоти махсуси давлатҳои алоҳида низ анҷом дода мешавад.

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.

Ҳамарӯза ба воситаи сомонаҳо хабарҳо дар бораи амалҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби  гурӯҳҳои ифротӣ  огаҳӣ медиҳанд, ба хотири  он кӣ ҷавонон огоҳ  шаванду ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ шомил нагарданд.

Донишмандони ҳозира ин мушкилотро асосан дар бекорӣ ва надоштани маълумоти кофии замонавӣ дар байни  ҷавонон мебинанд.

Албатта, дар ҳама кишварҳо имконияти гирифтани дониши босифат ва ёфтани кори хуб барои ҷавонон фарқ мекунад ва агар ҷамъияти имрӯзаи мо чунин имкониятҳои заруриро барои ҷавонон муҳайё карда натавонад, мо худ онро бояд ёбем.  Яъне, агар имконият ба сӯи мо наояд, мо ба самти  имконият бояд ҳаракат кунем.

Дар байни мардум ва ба ном баъзе шайху мулову махсумҳое ҳастанд, ки худ дар бораи  дину оятҳои  Қурони карим чизе намедонанд,  ҷавононро ба роҳи баду нопок равона мезозанд. Ин гурӯҳҳои ифротӣ як мақсади муайян надоранд ва ҳадафи ин гурӯҳҳоро ҳамон давлатҳои абарқудрате медонанд, ки таъсисашон додаанд.

 Агар аз нигоҳи исломӣ гирем резондани хуни ноҳақи  як одам гуноҳи хело вазнин аст, аммо ба ин гурӯҳҳо бингаред, ки онҳо касонеро, ки ба қатл мерасонанд чӣ кӯдак бошад, чӣ зан,  чӣ мард,  ба касе ҳам раҳм надоранд.

Боиси таассуф аст, ки равияҳои ифротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуда, бештар аз ҳазор ҷавони тоҷикро шомили гурӯҳҳои террористӣ кардаанд.

Дар бораи ин саволҳои воқеан ҳам дардноке, ки дар мавзӯъи ифротгароӣ аст, назари як чанд коршиносони динӣ ва коршиносони дигарро ҷамъ овардем, ки тавонист бароямон як қатор омилҳои пайвастани ҷавононро ба ин гурӯҳҳоро равшан месозад.

Хулоса ҷавонони мо бояд маърифати созанда дошта бошанд,  на маърифати сӯзанда. Ҳар як фарди  ватандӯст на бояд ба ҳар гуна шахсиятҳо бовар карда,  пайравӣ кунад.

Мо ҷавонони имрӯза  он чизе, ки мешунавем ва мебинем бояд хуб таҳлил карда баромада,  баъдан рафтор кунем,  то ин ки ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ шомил нашавем. Моро зарураст  даст ба дасти ҳам диҳем ва бо дастаҷамъӣ ҷавонони азизамонро аз ҷодаи торикӣ, гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем, зеро ҷавонон ободгари Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳӣ боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

 

Ғаниева Барфимоҳ, узви Гӯруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Панҷ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg