БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватанро аз фитнаву дассисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ эмин нигаҳ доред!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо падидаҳои экстремистиву террористи дошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, дин, сиёсат, идеалогия, илм ва ҳатто дар варзиш метавонад ба миён ояд. 

Ифротгароёни динӣ  мекушанд, ки ҷомеа ва давлатро ба ҳар гуна роҳу усул тарсонда, мафкураи насли ҷавонро  ба ҳадафҳои  нопоки худ зӯроварю  хушунат истифода менамоянд. Чунки, ба ҳамагон маълум аст ояндаи давлату миллат ба насли ҷавон хоҳад гузашт.Ифротгароён мехоҳанд, ки идеалогияи ҷавононро бо ҳаргуна  ѓаразҳои нопоки инсонӣ пур намуда, онҳоро зидди давлатҳои хеш бархезонанд.

Бинобар ин ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ тарбия созем.

Лозим ба зикр аст, ки бо шинохти моҳияти ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Маҳкум кардани амалу рафтори гурӯҳҳои ифротӣ ва муборизаи беамон бурдан бар зидди унсурҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо таҳдид мекунанд мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештар намоем.

Мебояд қайд намоем, ки гурӯҳҳои ифротӣ то чи андоза бар зидди ҷомеаи ҷаҳони мубориза  ҳам баранд, вале мо худро аз ин фоҷеаи даҳшатовар  бояд мамнуъ  эмин  нигаҳ дорем.

Имрӯз аксарияти ҷавонони мо ҳушёру зираканд ва аз сиёсатӣ имрӯзаи давлат бохабаранд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису датгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷи кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони  ба нангу номуси  Ватан ҳеҷ гоҳ  ба ин роҳ надиҳанд.Ҷавонони саодатмандӣ тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо  шукургузорӣ дар пайи созандагиву бунёдкори ва Ватансозӣ бошанд ва ба ҳар гунна гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав  шомил нашаванд.

Мо, ҳизбиён низ дар навбати  аввал  ҳамчун  соҳибватанони асил ва содиқ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳчанд бояд талош варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд бо сарбаландона иҷро гардонида, барои ҳифзи Ватан ва бунёдкориву созандагӣ як қатор корҳои назарасро ба анҷом расонем.  Ватани азизамон Тоҷикистонро аз чунин палидони замон нигаҳ дорему муборизаи беамон бурдан бар зидди терроризму экстремизм ва радикализмро  шиори ҳамешагии мо ҳизбиёну аъзоёни ҲХДТ бошад.

Мирзозода Исуф, раиси КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Балҷувон   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg