БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии аҳолӣ - солимии ҷомеа ва рушди давлат аст!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»,  оғози фаъолияти агрегати Нерӯгоҳи барқи обии Роғун  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда,  иштирокдоронро ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои аз Паёми Пешвои миллат бароянда, дар бораи ташаккули тарзи ҳаёти солим, бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа раҳнамоӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg