БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Оромиву амният ва суботи миллӣ меҳвари Паёми Пешвои миллат аст!

БОХТАР. Дар асоси  ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ, татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019, ва  расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дандонпизишк» вохӯрӣи баргузор гардид.

Дар вохӯри Ҳакимова Волида ба сухан баромада, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат ироа гардид,  баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ёдовар шуда,  қайд намуд, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст, Агар ҳар яки мо чораҳои пешгирии бемориҳои сирояткунандаро сари вақт андешем, сафи гирифторони бемориҳои сироятӣ ба маротиб кам мешавад. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бошад, имкон фароҳам меорад, ки мо ҳама вақту ҳама замон на танҳо аз бемориҳои сироятӣ, балки аз ҳамаи намуди бемориҳо эмин мемонем.

Дар охи ба 12 нафаре, ки барои аъзошавӣ ба Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ариза пешниҳод намуда буданд,  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg