
ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва дастгирии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Зиракии ҷамаоти деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов оғоз гардиданд.
Мақсад аз сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳот ин дастгирии ҷавонони деҳот, тарбияи солими насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро мебошад.
Тибқи лоиҳаи сохтмон майдонча дорои утоқи либоскашӣ, ҳамом утоқи дамгирӣ ва ҷои нишаст барои тамошобинон пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ тибқи ҳашар ба роҳ монда шудааст.
Ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ то ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ба нақша гирфта шудааст.