БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паймони миллӣ неву паймони шайтонҳо

ВОКУНИШ. Порае аз баҳси Муҳиддин Кабириро, ки шоми 18 январи соли 2019 гузашта буду онро пайравонаш қисм-қисм шарҳ додаву дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ намоиш дода истодаанд, хондаму нафратам ба Кабирию паймону пайравонаш дучанд гашт.

Акнун, роҳбари ҳизби ифротии мамнуъ гашта, мисли шайтон худашро боз ба дигар сурат кардаву аз пайи амалҳои иблисонаи худ шудааст.

Бале, васвос кардан аслан кори шайтон аст. Шайтон дар вуҷуди одами сустирода ҷойгирифта бо васвосҳои худ инсонро ба анҷом додани амалҳои бад талқин мекунад. Худи Кабирӣ дар суханрониаш тасдиқ намудааст, ки тӯли се сол машғул ба бозсозӣ будем ва кӯшиш кардем, ки дар ин шароити ҷадид ҷои худро пайдо кунем, ки чӣ гуна дар он метавонем фаъолият  кунем».

Бехабар аз он ки дар тӯли се сол Тоҷикистониёни азиз бо Сарвари хирадмандашон қадамҳои устуворе гузоштанд, ба сӯи қуллаҳои мурод, ки ба кор андохтани чархаи аввали НБО-и Роғун мисоли ин гуфтаҳост.

Дар мусоҳибааш Кабирӣ аз хидматҳояш ба халқи тоҷикро ба хотир оварда, зикр кардааст, ки аъзои ҷавонтарини Комиссиони оштии миллӣ буд ва борҳо барои ба созиш овардани тарафҳо ҷонашро ба хатар андохтааст ва ҳамчунин бовиқор гап мезанад, ки то соли 2013 аз ҳисоби худ ва ҳизбаш дар ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) мактаб сохтааст. Ҳол он, ки дар ягон санад дар боби оштии миллӣ номи ин пешвои мухолифин қайд нашудааст. Акнун фаҳмидем, ки ин ҷаноби беватан барои фарзандони мардум мактаб сохта будааст. Аҷабо, аз ҳисоби кадом маблағҳо? Шояд, ки сохта бошад, аммо ҳаминро бояд қайд намуд, ки ягона амали неке, ки аз ҷониби Кабирӣ мешунавам ҳамин сохтмони як мактаб асту халос. Дигар дар тӯли солҳое, ки дар Тоҷикистон амал намуданд, ба ҷуз коштани тухми кинаю адовату низоъ, қатлу куштор миёни мардум дигар кореро ба сомон нарасонидаанд.

Кабирӣ фаромӯш кардааст, ки дарТоҷикистон ба ҷуз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбе ба мардум манфиат нарасонидааст. Амалҳои ин ҳизб аз бунёд ба хизмати халқу Ватан нигаронида шудаанд. Агар як соҳаи маорифро мисол биёрем, садҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳазу ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шудааст, ки имрӯз ба фарзандони халқи тоҷик хизмат намуда истодаанд. Ҳамаи он амалҳои созандае, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба анҷом расонидаанд номбар кунем соатҳо ба мо лозим меояд. Аммо Кабирӣ  шарм надошта, ба таърифи худашу ҳизби террористию ифротгарояш ҳарф мезанад.

Фитнаи дигаре, ки Кабирӣ мехоҳад амалӣ созад, ин низоъ андохтан миёни ҷавонони Бадахшониву дигар минтақаҳои Тоҷикистон аст. Бо сарбаландиву ифтихор мегӯям, ки ҷавонони бадахшонӣ ва ҷавонони дигар манотиқи Тоҷикистон як миллатанд. Бо қисмате аз онҳо дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар бародарвор таҳсил намуда, то ҳол бо онҳо робитаи дӯстию бародарӣ дорем.

Имрӯз ҷавонони бадахшонӣ хушбахтанд. Онҳо мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонанду ба фитнаи ту Кабирӣ ва ту баринҳо намегараванд.

Росташ нафратам ба Кабирӣ боз ҳам бештар гашт вақте, ки ӯ ҷонсупориҳои Пешвои муаззами миллатро нодида мегирад.

Ҳаминро таъкидан мегӯям, ки ҳама пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони имрӯз ба Эмомалӣ Раҳмон мансубанд. Хурду бузурги кишвар имрӯз дар сафи ин абармарди миллат баҳри ободии кишвар истодаанд. Ҳеҷгоҳ намегузорем, ки ту баринҳо қадру манзалати Сарвари миллати тоҷикро, ки бегонаҳо эътирофаш кардаанд, паст бизанӣ. Ӯ мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо як маротиба ба хотири миллаташ ба Хустдеҳи Афғонистон рафта,  ҷонашро дар хатар гузоштааст ва имрӯз  гӯё «Дунёро пур кардааст, ки риск кард».

Ба ту ҷавобан мегӯем, ки Роҳбари давлат  солҳои ҷанги шаҳрвандӣ садҳо маротиба аз ҷонаш гузашт кардаву ба минтақаҳои даргир баҳри сулҳу салоҳи тоҷикон рафтааст. Аммо ту Кабирӣ ҷуръати дидану дарк кардан надорӣ,чун  ки дили нопок дорӣ.

Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд таъкидан ба мардуми тоҷик гуфта буданд:  «Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шавед, ӯро (Эмомалӣ Раҳмонро) гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар ин солҳои ҷанг дар он аст, ки чунин роҳбари ғамхору ҷасурро надоштем».

Ту ва пайравони ту Кабирӣ, ки аслан ифротии раҳгум задаед дониста бошед, ки дар кишвари тоҷикон минбаъд касе ба сафсатаҳои шумоён бовар нахоҳанд кард.

Устод Айнӣ ақидаи неке доштанд: «Ҳар зарар расонандаи ба одамро нест кардан лозим».

Воқеан ҳам имрӯз олами инсонӣ ба туву ту барин террористону ифротгароён нафрат доранд ва ҳамзамон мубориза мебаранд, то ин ки ба инсоният зиён нарасонед.

Дониста бошед, ки амалҳои бади шуморо, ки алайҳи кишвар ва миллати тоҷик овардаед ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Танҳо шумо наҳзатиҳо сабаби қатли 150 ҳазор сокинониТоҷикистон шудаед!

Сайдаҳмад Исмоилов-сокини ноҳия  Фархор, узви фаъоли ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg