БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нашри махсуси “Ҳамрози халқ” масъулияти шаҳрвандии сокинонро баланд мебардорад

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҷамъияти саҳомии кушодаи бозори «Ином» дар ноҳияи Шаҳритуз баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Шаропов Ҳомидҷон ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ  ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Замонов Азиз иштирок дошта, дар рафти он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб,  иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз Паёмашон дар самти баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ  андешаронӣ намуда,  ҷиҳати таъмини иҷрои  дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд,  маслиҳатҳои судманд  доданд.  

Инчунин, дар ин раванд  нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ» ба ҷамъомадагон шинос намуда,  зикр карда шуд, ки нашри  махсус барои  баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ  нашр карда шудааст. Нашрияи мазкур ба ҳамагондастрас карда шуда, таъкид гардид,  ки пас аз мутолиаи он  нашрияи ҳизбироба наздикони худ дастрас намоянд.    

                                                                                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg