БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон мақоми асосиро касб намудааст

КУШОНИЁН.Дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби Президентӣ» - и ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии худро бо омӯзгорони Мактаби Президентӣ баргузор карданд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, дар бораи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуда, аз  ҷумла қайд карданд, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон мақоми асосиро касб намудааст. Аз рӯзҳои аввали ба уҳда гирифтани масъулияти роҳбарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти соҳаи маориф диққати махсус зоҳир менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg