БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танҳо меҳнат моро ба зиндагии арзанда мерасонад!

ВАХШ. Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Идораи давлатии обёрии мошини»-и ҷамоати шаҳраки Вахш бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  хониши сиёсӣ оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар доир гардид.

Зимни суханронӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалилов Исмоил афзуд, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат диққати ҷиддӣ доданд. Ҳамзамон қайд карданд, ки 20 декабри соли 2018 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилаллии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул кард.

Баъдан мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Худойдод Ёров ибрози андеша намуда, қайд кард, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи суботи бардавом ва устувори сиёсӣ аст. Маҳз фазои осудаи кишвар, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ватандорӣ аст, ки моро қадам ба қадам ба сӯи комёбӣ, муззафарият ва фатҳи қуллаҳои мурод раҳнамун месозад. Мор мебояд бештар заҳмат кашида, содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, саривақт нақшаҳои бунёдкоронаи худро бо сифати баланд ба анҷом расонем, зиракию ҳушёриро аз даст надода, атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg