БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал дар пешрафти Ватан саҳми назаррас доранд

ФАРХОР. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Ватан бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" ва ҷиҳати ободонии деҳа ҳашари умумӣ баргузор гардид.

Дар ин рӯз сокинони деҳаи Баҳористон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҷиҳати рушду ободонии деҳаи худ ба ҳашари умумӣ баромада, аз ҳисоби маблағҳои худи сокинон, ки барои рушду ободонии деҳа ҷамъоварӣ намуда буданд, ҷӯю заҳбурҳои дохили деҳаро тоза намуда, як қисмати роҳҳои дохилии деҳаро низ сангфарш намуданд.

Ҳамчунин, сокинони деҳа ният доранд қисмати дигари роҳҳои дохилии деҳаро сангфарш намуда, кӯчаҳоро низ чароғон кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки як қатор сокинони деҳа баъди суҳбату вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати ба маврид сафарбар кардани хайру сахо, дуруст дарк намудани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ҷойи баргузор намудани маросимҳои азодорӣ он маблағҳоро барои дастгирии ятимону бепарасторон ва таъмири роҳҳои дохилӣ харҷ  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg