БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор пешвоз мегирем!

ПАНҶ.Вохӯрии навбатии кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Сулҳ”-и  маҳаллаи 60-солагии Панҷи ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба баррасии нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳошимов Тоҳир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ғафуров Сайдамир иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла қайд шуд, ки барои татбиқ намудани иқдомҳои Пешниҳодкардаи Пешвои миллат махсусан барои рушди деҳот амалӣ намудани аксияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” мусоидат менамояд. Корҳои хайру сахои сокинон ба ободонии маҳал ва такмил додани инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳӣ сафарбар мегардад, ки ин мувофиқи мақсад аст.

        Дар идома инчунин, масъулон иброз доштанд, ки иҷрои ин чорабиниҳо баҳри амалишавии нақшаи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷавобан сокинони маҳал бо итминони комил иброз доштанд, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатиро  сазовор пешвоз мегиранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg