БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ дар ҳошияи татбиқи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар маҳал идома дорад

ПАНҶ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Кӯҳсори маҳаллаи хоҷагии Панҷи ноҳия вохӯрии судманд бо иштироки Атавуллоева Зебунисо -мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия ва Холов Диловар – муовини роҳбари ТҶҶ “Созандогни Ватан” доир гардид. 

Масъулон дар баромадашон оид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон омадаанд, андешаронӣ намуда, қайд намуданд, ки  бо пешниҳоди Сарвари хирадпеша ва дурандеш солҳои 2019-201 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шаванд. Боиси қайд аст, ки ин ташаббус барои рушди деҳот буда, он боис ба беҳтар гардидаи сатҳу сифати зиндагонии мардум мегардад.

Дар идома оид ба хавфу хатари терроризму эктремизм ба Тоҷикистони ҷавони соҳистиқлол андешаронӣ гардида, вобаста ба эълон гардидани Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар маҳал аз иштирокдорон даъват ба амал шуд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, зери сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири сулҳу оромӣ ва шукуфоии диёр муттаҳид бошанд.

Дар ин росто мебояд, ки ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас диққати ҷиддӣ дода, истифодаи дурусти технологияи муосирро ба онҳо талқин намоем.

                                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg