БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз пешравиҳои кишвар ва зиндагии босаодат шукргузоранд!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нусратшо Мӯсоев»-и ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳия бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карданд.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва дастгирии фаъолон, аъзову ҷонибдорони ҳизбии  маҳаллаи мазкур дар тозаву обод намудани маҳалли зист саҳм гузошта, роҳравҳои назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 сангфарш карда шуд.          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg