БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои кабудизоркуниву хуррамгардонӣ бомаром ҷараён доранд

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳамчунин  бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳооид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия»-и ноҳия баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид  дар назди ҷамъомадагон оид ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  Султонов Баҳриддин  иштирок дошта, оид ба масъалаҳои болозикр андешаҳои хешро баён дошт.

Дар қисмати  амалии Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  « Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия»-и ноҳия Султонов Баҳриддин кормандони ташкилоти мазкур ба  ҳашари дастаҷамъона баромада, дар назди бино корҳои сабзу хуррамгардонӣ,  роҳрави   назди биноро  бо тахтасангҳои ороишӣ азнавсозӣ карданд.

                                                                                                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg