БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни ватанфурӯш пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд

ВОКУНИШ. Дар асрҳои XIX-XX босмачигарӣ пайдо шуда, худи калимаи босмачигарӣ туркӣ буда, маънояш бедодгарӣ кардан ва  ба яғмо бурдани молу мулки мардум мебошад. Дар он қарн харакати босмачигарӣ бисёр як давраи мушкил ва мураккаб  ба ҳисоб мерафт. Аслан босмачигарӣ  аз асри XIX  маншаъ мегирад. Дар он замонҳо  аз тарафи қабилаҳои турктабори зери таъсири аҷнабиёни хориҷӣ  бар зидди  халқиятҳои онвақтаи Осиёи Марказӣ барои соҳиб шудани макони зисташон ва ба даст овардани ҷойҳои муққаддас, тилло ва дигар чизҳое, ки ба манфиати онҳо фоидаовар  аст мубориза мебурданд. Ҳатто лозим мешуд падару модар, зану фарзандони оилаҳои осоиштаро ба қатл мерасонданд. Аз ҳамин сабаб босмачигарӣ бисёр як калимаи даҳшатнок ҳаст ва қобили қабул ҳам  нест. Моро лозим меояд, ки бар зидди ин калимаи зиёновар мубориза барем.

Чун, ки дар ин давра ба мо миллати тоҷик он хоинони миллат ва ватанфурӯшоне, ки бар зидди миллати тоҷик мубориза мебаранд ва намехоҳанд, ки Тоҷикистони маҳбубамон тинҷу ором ва ободу зебо гардад, барои манфиати хеш ва хоҷагони хориҷӣ муборизаҳои беамон мебаранд.  Он хоинони миллат ба мисли Кабирӣ,  Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ватанфурӯшон мебошанд, ки  миллати тоҷикро бо он хоҷагони хориҷӣ аз паси парда ба мисли муше, ки аз тарси гурба хок ба берун мебарорад,  фаъолият мекунанд,  паст мезананд.

Кабирӣ, Ҳалим Шерзамонов ва Муҳаммадиқболи Садриддин ба мисли  кӯрмуш қириш-қириш карда намехоҳанд, ки Тоҷикистони маҳбубамон рӯз аз рӯз ободу зебо гардад. Мо шукургузорӣ аз  ин миллати тамаддунофар ва Ватани азизамонем, ки дар чунин Ватани тинҷу ором умр ба сар мебарем, ки номаш Тоҷикистон аст. Бидуни иродаи сиёсии хоинони Ватан кишвари маҳбуби мо ободу зебо мегардад, ки мо аз ин рӯйдод гарм истиқбол менамоем.  

Алиҷон Асақолов, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин                                                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg