ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуғли аҳолӣ" хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар ин маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назров баромад намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба ҳозирин мухтассар шарҳу тавзеҳ доданд.
Инчунин, қайд гардид, ки таблиғот рисолати аслии фаъолияти ҳизби сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи самтҳои муайяншуда, вазифаи мо ҳизбиён ин аст, ки ҷомеъаро барои анҷом додани амали созандае, ки боиси пешрафти соҳаҳо ва рушди давлат мегардад, роҳнамоӣ кунем.
Ҳамчунин, ёдоварӣ карда шуд, ки дар шароити имрӯза, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуғли аҳолӣ", ки ҳама хизматчиёни давлатӣ мебошанд, пеш аз ҳама мебояд сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дуруст дарк намуда, он дастуру супоришҳои додашударо сармашқи кори худ қарор диҳанд ва моҳияти аслии онро ба мардум дуруст расонанд.