БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рисолати асосии мо ҳизбиён саҳм гузоштан дар ободии ватан аст

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии Баҳор дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва ҳамчунин вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иштироки мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинии ҳизби мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ махсусан дар доираи тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва ҳамчунин оид ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфасал суханрони намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ масъулин ба иштирокдорон ва саҳмгузорони ин чорабини минатдории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро баён намуда, қайд кард, ки Аксияи тарғиботии – амалии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина  сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg