БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон баӽри ободонии маӽали худ масъулят зоҳир менамоянд

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали  тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ ӽизбӣ  таҳти  унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии  «Чорводорон»-и  ҷамоат деӽоти ба номи Абди Авазов бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Ситамова Роӽила, раиси ҷамоати  деӽоти ба номи  Абди Авазов Қурбонова Мушараффа ва аъзои  фаъоли ҳизб дар маӽаллаи мазкур корӽои ободонӣ  баргузор гардид.

Зимни мулоқот Ситамова Роӽила атрофи самтӽои  афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽури Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон аз 22 майи соли 2018 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон»  ба раванди созандагию бунёдкориӽо такони ҷиддӣ бахшид.

Ӽамзамон,  Қурбонова Мушараффа  иброз намуд, ки ин иқдоми наҷиб аз ҷониби фаъолони ташкилоти ибтидоии  «Чорводорон»  ӽамаҷониба дастгирӣ ёфта,  дар ободу зебо гардонидани маӽали худ саъю кȳшиши зиёд намуда истодаанд. Дар роӽӽои маӽалла зиёда аз 500 бех дарахти арча шинонида шуд, ки ба ӽусни маӽалла зебогӣ бахшид.

Сокинон мақсад доранд, ки дар оянда низ чунин корӽои ободониро баӽри шукуфоии Ватани азизамон зиёд намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg