БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ғамхориҳои давлату Ҳукумат хоса Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф зиёд аст

КУШОНИЁН. Вохӯриҳои кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар доираи ҷадвали тасдиқгардида дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Кушониён дар нимаи якуми соли 2019 ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!”  идома дорад.

Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 - ноҳия бо омӯзгорон сурат гирифт.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониӣ  намуданд.

Баъдан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”   дар муассисаи номбурда аз ҳисоби Кумитаи падару модарон 500 адад гулҳои ороишӣ дар назди муассиса шинонида шуда , 21  адад тирезаҳои пластикии ошёнаи якум иваз карда шуданд ва роҳравҳои муассиса қисман сафолакпӯш карда шуда, дар назар аст, ки то 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз таъмири хушсифат бароварда мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg