БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкорӣ ҳадафи асосии ҲХДТ мебошад!

КУШОНИЁН.Дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён барои  сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён, баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи якуми соли 2019 зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!” бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардида истодааст.

Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро ҳамагон бо хушнудӣ пазируфта, дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Қизилбайрақ  корҳои ободонӣ  ташкил карда шуда, иштирокдорон бехи дарахту ниҳолҳоро нарм намуда, оромгоҳи деҳаи номбурдаро  ба тартиб дароварданду    ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карданд.

Ин ташаббус дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадони сокини ноҳия  идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg