БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бузургтарин хайр дар ӽаққи гузаштагон анҷом додани корӽои созанда аст

ВОСЕЪ.Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва аъзои фаъоли маӽалла тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо аъзои  намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан» ва бо кормандони ташкилоти ибтидои ҳизбии “Хуррамбаӽор”-и  ҷамоати  М. Вайсов корӽои ободонӣ доир карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза миннатдории худро ба сокинони деҳот расонд, ки онӽо иқдомоти наҷибонаи ҲХДТ-ро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, зиёда аз 100 нафар ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд. Аз тарафи сокинони маӽал,  аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолони ӽизб гирду атрофи қабристон аз партовӽо тоза карда шуда, ҷойӽои вайронаи он аз нав таъмир карда шуд.

Иқдомҳои неку созандаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар дигар маӽалаӽо бомаром идома хоӽад ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg