БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастуру супоришҳои Роҳбари давлат масъулияти шаҳрвандонро дучанд намуд

КУШОНИЁН. Ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” ва ҷиҳати  сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!” чорабиниҳои ободонӣ баргузор шуда истодааст.

Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ Аксияи ҳизбӣ роҳандозӣ карда шуда, иштирокдорон   дар тозаву озода карданги гирду атрофи беморхона  машғул шуда,  зиёда аз 100 бех дарахтони арча шинониданд.

Дар Аксияи мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ширкат варзида, пас аз анҷоми корҳои ободонӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни суханронӣ масъулин  қайд  карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳанд, дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри солимии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ кормандони соҳаи тандурустии мамлакат тибқи супоришҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат дарки масъулиятро дучанд намуда, баҳри болоравии маърифати санитарии аҳолӣ, расидан ба нишондиҳандаҳои мусоиди вазъи саломатии сокинон, алалхусус модару кӯдак, тарғиби тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани бемориҳои сироятӣ ва дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ташаккули ҷисмонии наврасону ҷавонон, ки ин ҳамааз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg