БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон нерӯи созанда ва ояндаи давлату миллат мебошанд!

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзиш»  оид ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва самьтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии номбурда вохӯрӣ доир карда шуд. 

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак Фирдавс Ғафурзода  оид ба  нуктаҳои муҳими   Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намуда, қайд кард, ки аз дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди қавӣ дорем.  Ҳамзамон, нисбати ҷавонон бо қаноатмандӣ чунин иброз доштанд мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дасгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзандаашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Мо бояд аз нерӯи созандаи  занону ҷавонон дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳанги милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоишӣ террозизму экстремизм истифода барем. Дар рушди  инфрасохтори варзишӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба варзиш ва дигар корҳои солимгардонӣ ҷалб намоем.             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg