БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!

МӮЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мактаб –интернат»-и ноҳия Мӯъминобод  доир ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ  доир карда шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Рамазон Ҳайдаров, котиби комиссияи кор бо ноболиғони ноҳия Кабутов Баҳодур ва раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии ин ташкилот Сайфиддинов Амриддин   иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан масъулин  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати дастгириву парастории ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва бошандагони  мактаб-интернатҳои   кишвар суханронӣ намуданд, ёдовар шуда, омӯзгорони мактаб-интернати ноҳияро барои ҷавобан ба ғамхориҳои  Пешвои миллат дар баланд бардоштани савияи дониши таъхлимгирандагон, одобу маърифат ва идомаи таҳсили онҳо дар муассисаҳои олии кишвар раҳнамоӣ намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg